МУМФАРШКУНИИ ҲУДУДИ ДЕҲА

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 ноябри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сайёд” Эшматзода Билол, инчунин бо иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Сайёд”,барои корҳои созандагиву ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Сайёд то сарҳади деҳаи Баҳористон бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкунии роҳ дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии “Сайёд” ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии “Сайёд” Эшматзода Билол, ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Сайёд”дар ҳамаи кӯчаву маҳаллаҳои деҳаи Сайёд мумфаршкунии роҳ низ идома дода мешавад.