САНГФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ҲУДУДИ МАҲАЛ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8 ноябри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Қумшоҳ” Ҷурақулов Шоҳюнус ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Қумшоҳ”, бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмири роҳҳои ҳудуди деҳаи Қумшох ва кўчаҳои он, барои истиқоматкунандагон ва сокинони деҳа бо қуму шағал дар масофаи 4,2 км таъмири роҳ бо ҷалби ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Қумшоҳ” дар сатҳи хуб ташкил ва сангфарш карда шуд. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Қумшоҳ” Ҷурақулов Шоҳюнус ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандону-соҳибкорон ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Қумшоҳ” шоҳроҳи байни деҳаҳо ва кучаҳо мумфарш карда мешавад.