ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ҶАВОНДУХТАРОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7.11.2023 сол, бо ташаббуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол дар майдончаи варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус», байни дастаҳои ҷавондухтарон-донишҷўёни курси якуми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус» ва ҷавондухтарон-хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи варзиши дар намуди волейбол ҷавондухтарон-донишҷўёни курси якуми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус» ғолиб дониста шуд.