МУМФАРШУНИИ РОҲҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 21-и нақшаи корӣ-2023 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус (Мумфаршкунии роҳҳои байни деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон), санаи 5 ноябри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” Норматов Суҳроб, инчунин бо иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат”, барои корҳои созандагиву ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Ваҳдат то сарҳади деҳаи Чорбоғ бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкунии роҳ дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” Норматов Суҳроб, ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” дар ҳамаи кучаву маҳаллаҳои деҳаи Ваҳдат мумфаршкунии роҳ низ идома дода мешавад.