ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ЗЕРИ УНВОНИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ»,

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29.10.2023 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд. Аз он ҷумла: - дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров деҳаи Ҷамъият деҳқон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ҷамъият деҳқон ва Хушодӣдар майдони 1,4 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт. - дар ҷамоати деҳоти Обшорон деҳаи Ватан амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ватан, Бинокор ва Обшорон дар майдони 1,8 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт.