ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                Санаи 21 октябри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Навбунёд” Бобохонов Назар, инчунин бо иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон муҳоҷирони меҳнаӣ ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Навбунёд”,барои корҳои созандагиву ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Янгиобод то сарҳади деҳаи Султонобод бо 12 тонна омехтаи сиёҳ дар масофаи 6 км бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкунии роҳ дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии “Навбунёд” ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии “Навбунёд” Бобохонов Назар, ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Навбунёд” дар ҳамаи кучаву маҳаллаҳои деҳаи Янгиобод мумфаршкунии роҳ низ идома дода мешавад.