МУМФАРШКУНИИ ШОҲРОҲИ ҲУДУДИ ДЕҲАҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20 октябри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ” Дуланов Сафар, инчунин бо иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ”, барои корҳои созандагиву ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Чорбоғ то сарҳади деҳаи Устокорон бо 12 тонна омехтаи сиёҳ дар масофаи 6 км бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкунии роҳ дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ” ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ” Дуланов Сафар, ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Чобоғ”дар ҳамаи кучаву маҳаллаҳои деҳаи Чобоғ мумфаршкунии роҳ низ идома дода мешавад.