АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОРИ МОСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17.10.2023 сол масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии муассисаи давлатии «Литсейи касби техники»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар омузгорон ва ҷавононро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба ҷавонон ва омӯзгорон фаҳмонида дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиётӣ баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро барои амали гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат менамояд.