МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ ҲУДУДИ ДЕҲАҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2 октябри соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Хокак” Бобоназаров Панҷӣ, инчунин бо иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Хокак”, барои корҳои созандагиву ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Хокак то сарҳади деҳаи Саховат бо 14 тонна омехтаи сиёҳ дар масофаи 6 км бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкунии роҳ дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии “Хокак” ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии “Хокак” Бобоназаров Панҷи, ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Хокак”дар ҳамаи кӯчаву маҳаллаҳои деҳаи Хокак мумфаршкунии роҳ низ идома дода мешавад.