СОХМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби сокинон, хатмкардагони муассисаи мазкур, соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар фаъолон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №53 Ҳайдаров Мурод) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, 5-синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист. Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №53 Ҳайдаров Мурод) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов азнавсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.