ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” ДАР АМАЛ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

           Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №26 Тайланов Абдумумин) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, 4-синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад. 

        Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» сарвари МТМУ №26 Тайланов Абдумумин ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов аз навсозии иншооти гигенӣ - ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.