ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23.09.2023 шанбегӣ ҳашари сарҷамъона дар якҷояги бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ (Маорифчиён, Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва дигар ТИ ), аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, барои тоза кардани гулгашти гирду атрофи қароргоҳ майдони И.Сомонӣ ва маркази ноҳия, таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур иштирокчиён ба тоза кардани партовҳо, ҷӯйю обравҳо тоза намудани алафҳои бегона машғул шуда ҳудуди вобасташударо ба тартиб дароварданд. Боиси қайд аст, ки чунин шанбегиҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳракудеҳоти ноҳияи Шаҳритус гузаронида шуда ба он хонандагон, сокинон ва кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо ҷалб мегарданд.