МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Устокорон” Бобомуродов Умед, инчунин бо иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Устокорон”, барои корҳои созандагиву ободонӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Устокорон то сарҳади деҳаи Пахтаобод бо 10 тонна омехтаи сиёҳ дар масофаи 4 км бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкунии роҳ дар сатҳи хуб гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша-чорабинии ташкилоти ибтидоии “Устокорон” ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии “Устокорон” Бобомуродов Умед, ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Устокорон”дар ҳамаи кучаву маҳаллаҳои деҳаи Устокорон мумфаршкунии роҳ низ идома дода мешавад.