Дар замони зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон дӯст доштани Ватан ва омода будан барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ вазифаи ҷониву қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Имрӯзҳо ҷавонписарони ноҳияи Шаҳритус ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ ва ифтихори бузург омодагиро барои сафарбар шудан ба хизмати ҳарбӣ муҳим медонанд. Воқеан ҳам, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикру бонангу номуси кишварамон, махсусан - насли ҷавони кишвар мебошад. Барои ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер мебошад.
Имрӯз мо шаҳрвандони саодатманди Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва бо нангу номуси миллӣ, амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллатро ҳамчун мактаби сулҳпарварона сармашқи фаъолияти хеш интихоб намуда, баҳри нигаҳдошти марзу буми Тоҷикистон ҷони хешро дареғ намедорем.
Ҳамрозода К.Ҳ. Муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус