АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ «МАКТАБИ МАН» ДАР АМАЛ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

            Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон” Рақибов Киромиддин ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандон ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон”, инчунин аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров, анборхона дар масоҳати 20х6 ба истифода дода мешавад. Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон” Рақибов Киромиддин ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандон ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон”, инчунин аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров аз навсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.