ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

               Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, санаи 29.08.2023 дар ташкилоти ибтидоии “РАСИН” бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, роҳбар ва кормандони ташкилоти ибтидоии “РАСИН”, мулоқоту вохўрӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зўҳуроти номатлуб» доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохўрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуд. Ҳамзамоназ ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба роҳбар ва кормандони ташкилоти ибтидоии “РАСИН”, варақаҳои таблиғотӣ оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, дастрас карда шуд. Инчунин аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус варақаҳои таблиғотӣ, оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, дар ҷойҳои ҷамъиятии ноҳия ва дар кучаву хиёбонҳои маркази шаҳраки Шаҳритус ба ҷавонон ва сокинони ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳи гузаронида ба онҳо тақсим карда дода шуд.