ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ТАРБИЯ НАМУДАНИ ОНҲО ДАР РӮҲИЯИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

           Санаи 29.08.2023 дар масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ватани Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус, бо иштироки масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, раис ва кормандони ҷамоат, раиси кумитаи маҳалла, имомхатиби масҷиди панҷвақта, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинон, ҷавонон ва дигар шахсиятҳои расмӣ, мулоқоту вохӯрӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб» доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан, тарғибу ташвиқи хизмат ва тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳамзамон оиди ҷалб намудани сокинони деҳаи Ватан бо ҷойҳои кори холӣ дар НБО “Роғун”, баромад намуд. Ҳамзамон дар вақти мулоқоту вохӯрӣ аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба кормандони ҷамоат, раиси кумитаи маҳалла, имомхатиби масҷиди панҷвақта, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷавонон ва сокинони деҳаи Ватан, варақаҳои таблиғотӣ оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, тақсим карда дода шуд.