МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №18 Уразов Бекмирзо) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ҷамоати деҳоти Пахтаобод деҳаи Устокорон, 4-синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи номбурда аз навсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.