ПЕШГИРИИ СОКИНОН АЗ ГАРОИШ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус санаи 25.08.2023 сол дар як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз он ҷумла дар ташкилотҳои ибтидоии “Раёсати кишоварзӣ”, “Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳритус” ва “Шуъбаи фарҳанг” бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, роҳбар ва кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ, мулоқоту вохўрӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ аз қабилӣ шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундрав, экстремистӣ ва террористӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб» доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохӯрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва тарбия намудан дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан баромад намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба роҳбар ва кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ, варақаҳои таблиғотӣ оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст, дастрас карда шуд.