ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус санаи 24.08.2023 сол аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъолияташон манъ карда шудааст, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳраки Шаҳритус ва дар назди бозори марказии ноҳия ба ҷавонон ва сокинони ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.