ПЕШГИРИ ҶАВОНОН АЗ ГАРОИШ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ РАДИКАЛИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22.08.2023 сол дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус бо мақсади пешгири ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои родикаливу экстремистӣ, зуҳроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба раисони кумитаи маҳалла, имомхатибони масҷиди панҷвақта, ҷавонон ва сокинони ҷамоат, варақаҳои таблиғотӣ оиди сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ-террористӣ фаъоляташон манъ карда шудааст дастрас карда шуд.