СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСА

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №6 Раҳматов Навруз) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон ва иқдоми пешгирифтаи аъзои фаъоли ҳизб ва бо ҷалби саховатмандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Ё. Каримови ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, бинои иловагии иборат аз дуошёна ва 32 – синфхона ба истифода дода мешавад. Инчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №6 Раҳматов Навруз) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон ва иқдоми пешгирифтаи аъзои фаъоли ҳизб ва бо ҷалби саховатмандон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Ё. Каримови ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов аз навсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.