ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 29 (Сангфаршкунии роҳҳои байни деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон)-и нақшаи корӣ - 2023 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, санаҳои аз 4 то 6 августи соли 2023 бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” Қурбонов Абдулҳамид ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Истиқлол”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмири шоҳроҳи деҳаи Истиқлол ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, барои истиқоматкунандагони деҳа бо қуму шағал дар масофаи 1,5 км таъмири роҳ бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” дар сатҳи хуб ташкил гардида таъмир карда шуд. Инчунин як тарафи роҳҳо бо ҷуйборҳои обгузар пайваст буда онҳо, низ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” Қурбонов Абдулҳамид ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” бо симент ва қуму шағал, латокҳои обгузар сохта шуда ба истифода дода шуд.