МАКТАБ – ДАРГОҲИ МУҚАДДАСИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

                Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2022 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №7 Ҳамроев Қаноат) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, тамири синфхонаҳо ва шинонидани тирезаҳои пластикӣ ба синфхонаҳо бомаром идома дорад. Ҳаминчунин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №11 Ашурова Бахтигул) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, тамири синфхонаҳо ва шинонидани тирезаҳои пластикӣ ба синфхонаҳо бомаром идома дорад. Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарварони МТМУ №7 ва №11) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, саховатмандон ва соҳибкорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва № 11-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус аз навсозии иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.