ТАЪМИРИ ПУЛ КОРИ ХАЙРУ САВОБ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

               Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии пулҳо баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳритус корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бо маром рафта истодааст. Чунин як иқдом санаи 29.07.2023 сол бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сайёд” Эшматзода Билол ва иқдоми пешгирифтаи аъзоён ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Сайёд”, ва муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмиру барқароркунии пул (купрук), барои истиқоматкунандагони деҳа бо оҳанҳои нави борбардор, симент ва қуму шағал дар масоҳати 6,2 м2 таъмири капитали купрук, бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Сайёд” таъмир ва ба истифода дода шуд.