МАКТАБ МАКОНИ МАЪРИФАТ.

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2022 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №15 Валиева Мавзуна) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, тамири синфхонаҳо ва шинонидани тирезаҳо ва дарвозаҳои пластикӣ ба синфхонаҳо бомаром идома дорад. Инчунин боиси қайд аст, ки бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №15 Валиева Мавзуна) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, саховатмандон ва соҳибкорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ҷамоати деҳоти ба номиХ.Холматов иншооти гигенӣ – ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шудааст.