ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ОИД БА ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30.07.2023 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд. Аз он ҷумла: - дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод деҳаи Ваҳдат амалиёти умуми вилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чорбоғ дар майдони 1,4 га корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт. - дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов деҳаи Хокак амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Хокак ва Саховат дар майдони 1,8 га корҳои ободонӣ, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт.