БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи корӣ-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №48) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов 2-синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. 

Инчунин, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №48) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов азнавсозии иншооти гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.