РАФТИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МАРКАЗИ ТАШХИСИ БАЙТОРӢ"

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 11.07.2023 сол дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси бойторӣ» маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, сардор ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси байторӣ» доир гардид. 

        Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси бойторӣ» бо масъалаҳои зерин:

        1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда;

        2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумтаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; 

       3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;    

       4. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.

       Дар баргузории маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ, сардори ташкилоти ибтидоии «Маркази ташхиси бойторӣ» оиди корҳои ба анҷом расонида аз қабили, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои шоистаи он дар замони Истиқлолият ва қабул ба сафи аъзои ҲХДТ, инчунин расонидани кӯмаки молиявӣ, ба маъюбону бепарасторон ва ятимони кулл маълумот дод.