ХИЗМАТИ БА ВАТАН – МОДАР ШАРАФ АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, барои ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохуриву мулоқот бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчиги баргузор гардида дар натиҷаи ин корҳои фаҳмонидадиҳи ва мулоқоту вохуриҳо оиди “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ” як қатор ҷавонон омода шуданд, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2023 ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан-Модарро адо намоянд.

Боиси қайд аст, ки санаи 12.07.2023 сол ду нафар сарбози ихтиёри (Ҳайдарзода Аскарали Ҷумъа соли таваллуд -20.02.2005 сол ва Нормуродов Умедҷон Баротбоевич соли таваллуд -19.06.2005 сол) аз деҳаи Лолазор ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ҳозир гардида бо раиси Кумита суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат раиси Кумита қайд намуд, ки барои таҳсил ба курси ронандигӣ ҳуҷҷатҳои худро пеш аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023 месупоранд. Ҳамзамон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Ҳайдарзода Аскарали Ҷумъа ва Нормуродов Умедҷон Баротбоевич омода гардида, барои ба қайд гирифтан ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ва барои таҳсил ба курси ронандигӣ, ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ супорида шуд.  

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус 4-нафар сарбози ихтиёрии ҳизбӣ (Ғафуров Абдувалӣ, Ибрагимов Сайқосим, Нишонов Баҳром, Эшмуҳаммедов Ҷумабек Обидович) аз ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров, 1-нафар сарбози ихтиёрии ҳизбӣ (Нурализода Муродилло Шералӣ) аз ҷамоати деҳоти Обшорон ва 2-нафар сарбози ихтиёрии ҳизбӣ (Ҳайдарзода Аскарали Ҷумъа ва Нормуродов Умедҷон Баротбоевич) аз ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов ба даъвати тирамоҳии соли 2023 омода мебошанд.