РАФТИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ТОҶИКСТАНДАРТ"

Шаҳритуc: Ҳисобот  

Санаи 1.07.2023 сол дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ (вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия), мудирон ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» доир гардид. 

        Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» бо масъалаҳои зерин:

        1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда;

    2. Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумтаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

    3. Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (ташкилотҳое, ки аз 30-нафар боло аъзои ҳизб доранд);

    4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;        

    5. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (ташкилотҳое, 

         ки аз 30-нафар боло аъзои ҳизб доранд);     

    6. Қабул ба сафи аъзои ҲХДТ.

       Дар баргузории маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ, раиси ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» оиди корҳои ба анҷом расонида аз қабили, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги баргузор намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои шоистаи он дар замони Истиқлолият ва қабул ба сафи аъзои ҲХДТ, инчунин расонидани кӯмаки молиявӣ, ба маъюбону бепарасторон ва ятимони кулл маълумот дод.