ҶАЛБ НАМУДАНИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ СОЛИ 2023

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, барои ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохуриву мулоқот бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчиги баргузор гардида дар натиҷаи ин корҳои фаҳмонидадиҳи ва мулоқоту вохуриҳо оиди “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ” як қатор ҷавонон омода шуданд, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2023 ҳамчун сабози ихтиёрии ҳизбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан-Модарро адо намоянд.

Боиси қайд аст, ки санаи 4.07.2023 сол як нафар сабози ихтиёри (Нурализода Муродулло Шерали соли таваллуд -2005 сол) бо модараш Субинова Гулрухсор Давроновна аз деҳаи Бинокори ҷамоати деҳоти Обшорон ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ҳозир гардида бо раиси Кумита суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат раиси Кумита қайд намуд, ки барои таҳсил ба курси ронандигӣ ҳуҷҷатҳои худро пеш аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023 месупорад. Ҳамзамон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Нурализода Муродулло Шерали омода гардида, барои ба қайд гирифтан ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ва барои таҳсил ба курси ронандигӣ, ҳамчун сабози ихтиёрии ҳизбӣ супорида шуд. 

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус 4-нафар сабози ихтиёрии ҳизбӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2023 омода мебошанд.