ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ИФТИХОР ВА МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ!

Шаҳритуc: Андеша  

Ҳифзи Ватан ҳамчун бошарафтарин касбу рисолат эътироф гардида, нуфуз ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ сол аз сол боло меравад. Афроде, ки тақдирашонро бо ҳимояи Ватан пайваст намудаанд, меҳру эътибор, ғамхории Пешвои миллатро пайваста эҳсос мекунанд. Соҳибистиқлолии ҳар як давлат, озодии шаҳрвандони он бояд аз ҷониби Артиши Миллӣ, қувваҳои Мусаллаҳ таъмин ва ҳимоя карда шавад. Миллате, ки ба қадри истиқлолияту озодии хеш намерасад, онро ҳифз карда наметавонад ва ё барои он қудрату тавон надорад, ҳеҷ гоҳ озод буда наметавонад, ў маҷбур аст, ки ба ҳар гуна қувваҳои бегона итоат кунаду ба онҳо баъзан сар хам бикунад. Барои ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ хизмат кардан на танҳо ўхдадории шаҳрвандӣ, балки масъулият ва ифтихор низ мебошад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷисман обутоб ёфтан, мустаҳкамии ирода, ҷасорату серҳаракатӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватану миллат ва дигар хислатҳои нек мусоидат мекунад. Артиш мактаби ҳақиқии ҳаёт аст. Боиси хушнудист, ки дар даврони Истиқлолият дар сафи Артиши миллӣ фарзандони босаводу соҳибмаърифат ва меҳанпараст хеле зиёд шуда истодаанд. Маҳз, онҳо боиси мусаффо ва беолоиш будани осмони кишварамон гаштаанд. Ҷавонмарде, ки барои иҷро намудани ўҳдадории ҳарбӣ даъват мегардад, бояд эҳсос кунад, ки ў Ватани худ, падару модари азизаш, бародару хоҳари мўнису мушфиқаш ва оилаашро ҳифз мекунад. Ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ шурўъ кардан ў қасам ёд карда, либоси ҳарбӣ ба бар, ба тартибу низом ва қонуну қоидаҳои муайян итоат мекунад, бо шараф ва ғурур масъулияти ҳарбиро ба сомон мерасонад. Вазифаи ҳифзи Ватан — яке аз вазифаҳои асосӣ ва муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад, ки тибқи он Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрвандро оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст. Ҳар як давлат барои ҳимояи истиқлоли худ чораҳои ҷиддиро раво мебинад. Дар андешидани ин чораҳо шаҳрванд ҷузъи кулл ва субъекти фаъол буда, ҳам ба воситаи намояндагӣ ва ҳам бевосита дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи Ватан ва пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии он иштирок менамояд. Таъмини ин вазифа асосан ба дӯши Қувваҳои Мусаллаҳи ҳар як давлат гузошта мешавад. Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар бартараф кардани таҷовузи мусаллаҳонаи хориҷӣ, ҳимояи мусаллаҳонаи сарҳад, ташкил ва танзими мудофиаи қаламрав, иштироки он дар зада гардондани таҷовузи мусаллаҳонаи дигар давлат ё мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ иҷрои вазифаҳои пойдор кардани сулҳу осоиш хеле калон мебошад.

Юсупова Гулзира, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.