ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАР ЗАМОНИ ИМРӮЗА БА ШУМОР МЕРАВАД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Экстремизм ва терроризм дар маҷмуъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Ҷавонон – ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳилаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст, вале доираи мушахасси синнусолии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад. Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, азхуд намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа дар соҳаҳои гуногунро таъмин намояд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Мо ҷавонон шукрона мекунем, ки миллати мо соҳиби Истиқлолият аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои худ бо қадамҳои устувору боварибахш дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам зада истодааст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли халқи Тоҷикистон шаҳодати бараълои он аст, ки мо миллати созанда ҳастем ва метавонем, ки бо қувваю иродаи мустаҳками худ Ватани маҳбубамонро дар байни ҳама кишварҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Замонов А., корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.