СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Шаҳритуc:  

Дар асоси банди 8-и нақшаи кори-2023 «Ташкили семинар-машваратҳои омӯзишӣ барои такмили дониши маъмурияти ташкилотҳои ибтидоӣ» вадар асоси супориши Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи КИМ ҲХДТ №4 аз 07.02.2023 сол аз санаи 12 тол 25 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси бозомўзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир гардида, санаи 18.05.2023бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Сино” (КАТС-маркази саломатӣ) бо иштироки роҳбар ва кормандони ташкилоти ибтидоии “Сино”, семинар-машварати дастурдиҳӣ, оиди ҳуҷҷатгузори тибқи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ” доир гардид. Бояд қайд кард, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баромад намуда қайд намуд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо 8-номгуй ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва бо ин восита, муайян намудани шумораи дақиқи аъзои ҳизб, саривақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, ба роҳ мондани мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва муҳосибавӣ Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявӣ», ҳамзамон барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.