ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

Шаҳритуc: Таҳлил  

Дар асоси дастуру супориши роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақшаи корӣ-2023, санаи 20 майи соли 2023 аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, бо мақсади таҳкими низоми ҳуҷҷатгузорӣ, низоми дурусти бақайдгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани интизоми дохили ҳизбӣ, аз ҷумла китобҳои содироту воридот, парвандаи шахсии кормандон, ва оиди дигар ҳуҷҷатҳои расмии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус санҷиш гузаронида шуд.