ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ-СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲИФЗИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ МО ҶАВОНОН”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон «Бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» таҳти унвони «Ҷавонон узви як оила», санаи 19.05.2023 сол бо ташабуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар толори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, ҳамоиши фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Ҳифзи сарҳади давлатӣ вазифаи муқаддаси мо ҷавонон” бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Мирзоева З., директори Маркази ҷавонон ноҳияи Шаҳритус Ҷабборов Б., раиси иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус Ҳафизов Т., омузгорон ва хонандагони синфҳои болоии муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №4, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ бо фарогирии 114 нафар дар сатҳи баланд баргузор гашт. Дар ҳамоиши фарҳангӣ-сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Мирзоева З., директори Маркази ҷавонон ноҳияи Шаҳритус Ҷабборов Б., ва ду нафар сарбозони ихтиёрие, ки хизмати Ватан-Модарро адо намуда омадаанд, баромад намуда қайд намуд, ки Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтан, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Мо барои Ватан - Модар ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем. Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ ҳамаи даъватшудагону иштирокчиёнро «Бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» табрик намуданд. Инчунин ба як қатор ҷавонони ноҳия, барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва рўҳияи баланди ватандўстӣ бо сипосномаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ва туҳфаҳои хотирмони раиси иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус қадрдони карда шуданд. Дар охир чорабинии фарҳангӣ (базми консертӣ) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.