ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи корӣ-2023 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №17 Саидраҳмонов Суҳроб) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров 3 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №17 Саидраҳмонов Суҳроб) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров азнавсозии иншооти гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.