МУМФАРШКУНИ РОҲҲОИ ШАҲРАК

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1майи соли 2023 бо ташабуси раиси ноҳияи Шаҳритус муҳтарам Ҷаббори Ғаффор ва иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) ва аъзои фаъоли ҳизб-саховатмандону соҳибкорон, барои корҳои созандагӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мумфаршкунии пурраи роҳ бо 100 тонна омехтаи сиёҳ, роҳҳои байни маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритусро дар масофаи 50 км бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” (МДНРА) мумфаршкуни дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақшаи пешбини шуда, дар ҳамаи кучаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Шаҳритус мумфаршкунии пурраи роҳ идома дода мешавад.