РОҒУН СОХТМОНИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ №1 аз 06.01.2023 сол, санаи 2 майи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов”-и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раис ва кормандони ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, раисони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо, мулоқоту вохўри оидиҷалб намудани сокинони ҷамоат бо ҷойҳои кори холӣ дар НБО “Роғун” доир гардид. Дар баргузории мулоқоту вохўри масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси сарпарасти маънавии иншооти бузурги аср, Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” эътироф шудааст. Ҳамзамон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи НБО “Роғун” тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҷалб намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои мамалакат бо ҷойҳои кори холӣ НБО “Роғун” тадбирҳо амлӣ менамояд. Инчунин ба иштирокчиён ва фаъолони ҷамоат, оиди Роҳхати ҳизбӣ ва ҷойҳои кори холӣ НБО “Роғун” аз он ҷумла: номгуи вазифаҳо, шумораи воҳидҳои корӣ, музди миёнаи моҳона, реҷаи корӣ вахтавӣ (басти рўзона, басти шабона ва 15 рўз дар як моҳ) корҳои фаҳмонидадиҳи намуда ба онҳо нусхаи ҷойҳои кори холӣ НБО “Роғун” барои шиносои дастрас карда шуд.