ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МАУСАЛЛАҲ ИН НИШОНАИ ШУҶОАТУ ДАЛЕРИСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси бандҳои 45, 46- и нақшаи кори-2023 «Баргузории машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯриюмулоқотҳо) бо раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва бо волидон оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», санаи 11.04.2023 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия муҳтарама Мақсудаи Нарзулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳомидҷон, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус Давлатов Парвиз ва раиси ҷамоати дохоти ба номи Ч. Назаров Азизов Нурулло ва намояндаи ШВКД дар ноҳия дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров вохурию мулоқот бо кормандони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, падару модарони даъватшавандаҳо, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо баргузор гардид. Дар вохури раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шахритус оиди “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ”, ки бо дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин механизми халқии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешниҳод гардидаро ба иштироккунандагон фаҳмонида шуд. Ҳамин тавр дар асоси ташаббуси ҳизбӣ тибқи рӯихати ҷавонони даъватшавандаи таҳлил гардида, падару модари ҷавонони даъватшавндагон дар вохуриву мулоқот даъват гардида дар натиҷаи ба таври одилонаи қурапартои 6 нафар даъватшаванда муайян гардиданд, ки хамаи онҳо дар муҳоҷирати меҳнати қарор доштанд. Раиси махаллаи деҳаи Асомиддин Муродов Саторов Фозил ва имомхатиби масчиди панчвактаи деҳа Неъмонов Ахад дар хамкори бо макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохия ва нозири минтакавии чамоат натичаи баргузории ташабусси хизбиро чамъбаст намуда ва дар натича 5 нафар чавонони сини даъват Кабутов Садриддин, Шарипов Нурали, Умаров Давлатёр, Лоиков Абдурахмон ва Махмадов Абдусамад санаи 17.04.2023 сол аз шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон ва Москваи Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, санаи 18.04.2023 сол бо як руҳияи баланди ватандўстӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.