ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ ОИДИ САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси бандҳои 45, 46- и нақшаи кори-2023 «Баргузории машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯрию мулоқотҳо) бо раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва бо волидон оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ»,санаи 15.04.2023 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, намояндаи прокуратураи ноҳия, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини раиси ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 деҳаи Ё.Каримови Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов вохурию мулоқот бо кормандони ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, падару модари даъватшаванда, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо муовини раиси ноҳияи Шаҳритус муҳтарама Мақсудаи Нарзулло, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, ва намояндагони прокуратураи ноҳия, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаи Ё.Каримови Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов корҳоифаҳмондадиҳи бурда, дастур доданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи даъват дар деҳаи Ё.Каримов, ки 6- нафар мебошад чораҷуи карда шавад. Дар масъалаи даъвати баҳори дар асоси ташаббуси ҳизбӣ тибқи рӯихати ҷавонони даъватшавандаи таҳлил гардида, падару модари ҷавонони даъватшавндагон дар вохуриву мулоқот даъват гардида дар натиҷаи ба таври одилонаи қурапартоӣ 6 нафардаъватшаванда муайян гардид ва он 6 нафар даъватшаванда дар муҳоҷирати меҳнати мебошанд. Дар маросими қурапартои аз ҷои даъватшавандагон падаронашон иштирок намуда дар натиҷа ба хизмати даъвати баҳори 6-нафар сафарбар карда шуд. Падару модарони даъватшавандагон ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздик фарзандонашонро, барои даъват таъмин менамоянд. Дар охири вохуриву мулоқот раиси Кумитаи маҳалла ва имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ё.Каримов баромад намуда қайд намуданд, ки мо сокинони деҳа роҳкирои омадани сарбозонро ва дастгирии оилаҳои ниёзмандро дар таъминоти иҷтимоияшон дастгири ва сарпарасти менамоянд, инчунин қайд намуданд, ки аз ин ташаббуси ҳизбӣ изҳори минатдори намуда ваъда доданд, ки минбаъд ин ташаббуси ҳизбиро дар деҳа ба таври доими мавриди иҷрои қарор дода дар даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввали ҷамъбаст нақшаро таъмин менамоем.