ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН ДАСТГИРӢ ЁФТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 47- и нақшаи кори-2023 «Сафарбаркунии ихтиёриёни ҳизбӣ ба хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби деҳаҳои интихобӣ», санаи 11.04.2023 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Назаров дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Назаров вохурию мулоқот бо кормандони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, падару модари даъватшаванда, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастаги бо муовини раиси ноҳияи Шаҳритус муҳтарама Мақсудаи Нарзулло, раис, дастгоҳи ҷамоатидеҳоти ба номи Ҷ. Назаров Азизов Н., ва нозири минтақавии ВШКД ноҳияи Шаҳритус воқеъ дар деҳаи А. Муродов корҳои фаҳмондадиҳи бурда, дастур доданд, ки барои иҷрои сари вақтии нақшаи даъват дар деҳаи А. Муродов чораҷуи карда шавад. Дар масъалаи даъвати баҳори дар асоси ташаббуси ҳизбӣ тибқи рӯихати ҷавонони даъватшавандаи таҳлил гардида, падару модари ҷавонони даъватшавндагон дар вохуриву мулоқот даъват гардида дар натиҷаи ба таври одилонаи қурапартои 6 нафардаъватшаванда муайян гардид ва он 6 нафар даъватшаванда дар муҳоҷирати меҳнати мебошанд. Дар маросими қурапартои аз ҷои даъватшавандагон падаронашон иштирок намуда дар натиҷа ба хизмати даъвати баҳори 6-нафар сафарбар карда шуд.

Падару модарони даъватшавандагон ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздик фарзандонашонро, барои даъват таъмин менамоянд. Дар охири вохуриву мулоқот раиси Кумитаи маҳалла Саторов Фозил ва имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи А. Муродов Неъмонов Аҳад баромад намуда қайд намуданд, ки мо сокинони деҳа роҳкирои омадани сарбозонро ва дастгирии оилаҳои ниёзмандро дар таъминоти иҷтимоияшон дастгири ва сарпарасти менамоянд, инчунин қайд намуданд, ки аз ин ташаббуси ҳизби изҳори минатдори намуда ваъда доданд, ки минбаъд ин ташаббуси ҳизбиро дар деҳа ба таври доими мавриди иҷрои қарор дода дар даъвати тирамоҳи дар рӯзи аввали ҷамъбаст нақшаро таъмин менамоем.