ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси бандҳои 45, 46- и нақшаи кори-2023 «Баргузории машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯрию мулоқотҳо) бо раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва бо волидон оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», санаи 10.04.2023 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, раиси ҷамоат ва намояндаи ШВКД дар ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов вохурию мулоқот бо кормандони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, падару модари даъватшаванда, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо баргузор гардид. Дар баргузории вохурию мулоқот муовини раиси ноҳия ва масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори натанҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишварамон махсусан насли ҷавон мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ ҷавонони ғаюри кишвар марзу буми Ватанро сарбаландона ҳифз менамоянд, зеро онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан, пеш аз ҳама, ин ҳимояи модари худ, падари худ, хоҳару бародари худ мебошад суханрони намуданд. Боиси қайд аст, ки ҷавонони бо нангу номусу далеру шуҷои ноҳияи Шаҳритус низ кам нестанд, инчунин бо ташаббус ва баргузории машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯрию мулоқотҳо)-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёд” Эшматзода Билол, санаи 10.04.2023 сол як нафар ҷавони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ аз ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинов деҳаи Сайёд Икромов Парвин Анварович аз Федератсияи Россия шаҳри Москва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуда, ихтиёри бо рўҳияи баланди ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан-Модар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуд.