ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО ВОЛИДАЙНИ ҶАВОНОНИ СИННУ СОЛИ ДАЪВАТӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11.04.2023 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ва раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров вохӯрию мулоқот бо кормандони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, падару модари даъватшаванда, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо доир гардид. Дар баргузории вохӯрию мулоқот муовини раиси ноҳия ва масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус оиди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023 “Дар бораи бо эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд, ба даъвати навбатии шаҳрвандони (солҳои таваллуд 1996-2005) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро хотиррасон намуда, барои тарбияи ватандўстӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон, яъне ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ, ватандўстию ҳувияти миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишварро ёдовар шуда, ҳамзамон оиди “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ” бо дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва механизми халқии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешниҳодгардидаро ба иштироккунандагон фаҳмонида дод, то ки мушкили даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳалли худро ёбад. Инчунин, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ суханронӣ намуданд.