ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ ОИДИ САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси бандҳои 45, 46- и нақшаи кори-2023 «Баргузории машваратҳои фаҳмондадиҳӣ (вохӯрию мулоқотҳо) бо раисони кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва бо волидон оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», санаи 10.04.2023 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, раиси ҷамоат ва намояндаи ШВКД дар ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов вохурию мулоқот бо кормандони ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, падару модари даъватшаванда, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо нафар доир гардид. Дар баргузории вохурию мулоқот муовини раиси ноҳия ва масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, оиди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023“ Дар бораи эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ба даъвати навбатии шаҳрвандон (солҳои таваллуд 1996-2005) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро хотиррасон намуда, барои тарбияи ватандўстӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон, яъне ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ, ватандўстию ҳувияти миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишварро ёдовар шуда, ҳамзамон оиди “Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ”, ки бо дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки механизми халқии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешниҳод гардидаро ба иштирок-кунандагон фаҳмонида дод, ки то мушкилӣ даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳалли худро ёбад. Инчунин баҳри баланд бардоштани ҳисси Ватандўстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худ, ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ-экстремистӣ суханрони намуданд.