САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастагӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” Лоиқов Фаррух санаи 4.04.2023 дар хоҷагии деҳқонии “Зебуниссо”–и ноҳияи Шаҳритус (роҳбараш Давлатов П.) дар майдони 12,4 га кишти пунбадона (пахта) кишт карда шуд.

Инчунин, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бо роҳбар ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ суҳбат доир намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, кишти такрорӣ аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо, захира намудани хўрока, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандўстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмондани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон суҳбат карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.