ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ҚАРЗ АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 47 «Сафарбаркунии ихтиёриёни ҳизбӣ ба хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби деҳаҳои интихоби»-и Нақшаи корӣ-2023, инчунин бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, барои ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо намояндагони мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохуриву мулоқот бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчиги баргузор гардида дар натиҷаи ин корҳои фаҳмонидадиҳи ва мулоқоту вохуриҳо як чанд нафар ҷавонон омода шуданд, ки ҳамчун сабози ихтиёрии Ҳизбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо намоянд. Боиси қайд аст, ки имруз ду нафар сабози ихтиёрии Ҳизбӣ (Абдиев Идрис Мамазокирович соли таваллуд -2000 сол ва Чоршанбиев Ҳотамҷон Нозимҷонович соли таваллуд 2003) ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ҳозир гардида бо раиси Кумита суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки шуҷоату далерии ин ҷавонон шоистаи таҳсин мебошад ва барои дигар ҷавонон намунаи ибрат мебошад.