АКСИЯИ ТОЗАГӢ ТАҲТИ ШИОРИ “МАҲАЛ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18.03.2023 бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус шанбегӣ ҳашари сарҷамъона дар якҷояги бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ Маорифчиён ва волонтиёрҳо-аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, барои тоза кардани гулгашти гирду атрофи корхона, муассиса ва маркази ноҳия,таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост”дар сатҳи баланд баогузор гардид. Инчунини боиси қайд аст, ки бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалбу истифодаи 8 адад нақлиёти тамғаи “КАМАЗ” , 4 адад мехлопат дар маркази ноҳияи Шаҳритус аз 6 партовгоҳо ҳамаи тӯдаи партовҳо кашонида берун бароварда шуданд.