КИШТИ БАРВАҚТИ ПОЛЕЗӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ЛОЛАЗОР-3”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ҳамбастагӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Лолазор-3” Дуснаев Холиёр, санаи 13.03.2023 сол дар хоҷагии деҳқонии “Холиёр” –и ноҳияи Шаҳритус дар майдони 2,5 га кишти полезӣ аз қабили тарбузи барвақти кишт карда шуд. Инчунин масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бо роҳбар ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ сўҳбат доир намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, кишти такрорӣ аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо, захира намудани хўрока, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандўстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмондани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.